Феврал 23, 2023 10:41 Asia/Dushanbe
  • Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиё Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад
    Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиё Марказӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муъасиси Сандуқи байналмиллалии дарёи Арол, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе, пойтахти Ҷумҳӯрии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши Ховар, чаҳорумин нишасти  машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 21-уми июли соли 2022 дар шаҳри  Чолпон-Ата воқеъ дар Ҷумҳӯрии Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа мавзӯъоти тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи вокуниши муштарак ва чолишҳо ва таҳдидоти мудерни амнияти минтақа, чашмандози густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ба манзурит тазмини рушди пойдори иқтисодӣ ва тадовуми табодулоти фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Мусаваботи ниҳоӣ дар ҳошияи ин нишаст имзо шуд. Ба вижа, сарони  кишварҳои Осиёи Марказӣ баёнияи  муштакро имзо карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп