Муттаҳидшавии «Атласи Хуҷанд» бо як ширкати самарқандӣ
Ширкати ниссоҷии «Атласи Хуҷанд» бо як ширкати самарқандӣ муттаҳид мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Суғднюз, соли 2023 ширкати «Атласи Хуҷанд» мехоҳад бо як ширкати Самарқанд муттаҳид шавад ва бо ҳам ширкати муштараки “Самарқанд-Суғд-Силк” -ро таъсис кунанд.
Азимҷони Ғафуров, мудири ширкати «Атласи Хуҷанд» навишт: ширкати «Атласи Хуҷанд» бо як ширкат дар Самарқанд, ки дар заминаи тавлиди нахи абрешим фаъолият дорад, муттаҳид мешавад.
«Атласи Хуҷанд» танҳо бунгоҳ дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 1931 атлас ва порча тавлид мекунад.
Дар ин ширкат тақрибан 70 дарсади корҳо ба сурати дастӣ ва 30 дарсади боқимонда бо мошинолот анҷом мешавад.
Дар ҳоли ҳозир ин ширкат 154 навъ атлас ва порча тавлид мекунад.