Дидори раиси Девони мусоҳиботи Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саъудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i99110-Дидори_раиси_Девони_мусоҳиботи_Тоҷикистон_бо_сафири_Арабистони_Саъудӣ
Намояндагони Девони мусоҳиботи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 02, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Девони мусоҳиботи Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саъудӣ
    Дидори раиси Девони мусоҳиботи Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саъудӣ

Намояндагони Девони мусоҳиботи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ҳайате аз девони мусоҳиботи Арабистони Саъудӣ 8-уми март ба Тоҷикистон меояд.

Ин матлаб дар дидори мудирони утоқи мусоҳиботи Тоҷикистон бо сафири Арабистони Саъудӣ эълом шуд.

Дар ин дидор барномаҳои боздид ва дидори ҳайат бо мудирияти утоқи мусоҳиботи Тоҷикистон ва ҳамчунин имзои тафоҳумнома дар ҳавзаи ҳисобрасӣ баҳсу баррасӣ шуд.