Дидори вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i99446
Вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳам мулоқот карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 09, 2023 11:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон
    Дидори вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон

Вузарои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳам мулоқот карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар ин дидор дар хусуси роҳҳои тақвияти равобити Тоҷикистон ва Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона баҳс ва дар хусуси ҳамкориҳои дукишвар дар чорчӯби Созмонҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин Ҷаласа таваҷҷӯҳи  вижае ба раванди барномаҳои рези сафари Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳӯри Туркманистон ба Тоҷикистон дар нимаи аввали апрели 2023 шуд.