Март 15, 2023 10:48 Asia/Dushanbe
  • Корофаринӣ ва бозори кор меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон

Дар дидори вазири кори Тоҷикистон бо раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Эрон вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Дар дидори Гулнора Ҳасанзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Ғуломҳусайн Ҳусайниниё, муовини вазири таъовун, кору рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Ҷумҳурии исломии Эрон заминаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ, корофаринӣ ва бозори кор мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф дар хусӯси иҷрои ёддошти тафоҳум байни вазорати кор, муҳоҷират ва шуғлиаҳолии Тоҷикистону вазорати таъовун, кору рифоҳи иҷтимоии Эрон дар мавриди ҳамкориҳо дар заминаи иштиғол, омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ табодул назар карданд.

Ҳасанзода ва Ҳусайниниё бар вуҷӯди имконоти лозим ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷониба, таъкид ва хостори иҷрои иқдомоти барномаӣ дар ростои дастёбӣ ба сатҳи ҷадиди таомулоти дуҷониба шуданд.

Раиси Созмони омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаии Эрон дар идомаи сафари кории худ ба Тоҷикистон, аз Омӯзишгоҳи ҳирфаии хадамот ва ҷаҳонгардии Душанбе ва Маркази омӯзиши бузургсолони Тоҷикистон боздид кард.