" Раванди оби Душанбе " ; дар нишасти хабарии конфаронси оби Созмони Миллал дар Марокаш
Сафири Тоҷикистон дар Миср дар конфаронси матбуотӣ дар бораи муқаддамоти конфаронси ояндаи оби СММ, ки 16 март дар Работи Марокаш баргузор шуд, ширкат ва ба таври маҷозӣ суханронӣ кард .
Ба гузориши Ховар ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин конфаронс дар бораи ибтикори Эмомалӣ Раҳмон барои номгузории дастури кори оби СММ ба унвони « раванди оби Душанбе » итилоърасонӣ шуд.
Дар ин ҷаласа таъкид шуд Тоҷикистон бидуни тавваҷуҳ ба болодастӣ будан ва бархӯрдорӣ аз манобеи азими обӣ бо дар назар гирифтани мушкилот аз ҷумла об шудани пуршитоби пиряхҳо,сел, резиши тарма ва таҷрибаву маҳорат дар ҳалли ин гуна мушкилот бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамкории густарда ва муассире хоҳад дошт .
Бештар бихонед :