Феврал 27, 2022 22:13 Asia/Dushanbe
  • Шаҳри Душанбе мизбони ҷаншвораи китоби кӯдак ва навҷавон

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом кард, апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи "Ҳафтаи китоби кӯдак ва навҷавон"-и Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ҷашнвора баргузории мусобиқоти мухталиф, нишастҳо бо ҳузури нависандагон, мизи гирдҳо, муъаррифи китобҳои ҷадид барномарезӣ шуда аст.

Ин ҷашнвора бо ибтикори Китобхонаи марказии кӯдак "Мирсаиди Миршакар", Вазорати фарҳанг, Маъориф ва улум, Кумитари телевизион ва радио, Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, шаҳрдориҳои шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мешавад.

Барчасп