Ҳамла ба корвони низомии Амрико дар Ироқ
Корвони пуштибонии низомиёни ишғолгари амрикоӣ дар устони Бобули Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
Як корвони пуштибонии низомиёни ишғолгари амрикоӣ дар устони Бобули Ироқ, ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор гирифт.
Ҳануз ҷузъиёте дар бораи талафоти эҳтимолии ин ҳамла ва мизони хисороти ворида ба корвони амрикоӣ мунташир нашудааст.
Пас аз мусаввабаи порлумони Ироқ дар бораи хориҷ кардани низомиёни бегона аз хоки ин кишвару тааллули Бағдод дар ин амр, корвонҳои пуштибонии эътилофи амрикоӣ ба таври ҳафтагӣ ва гоҳе дар тули як рӯз чанд бор ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор мегиранд.
Гуруҳҳои ироқӣ таъкид доранд, ки давлати Ироқ бо амал ба мусаввабаи порлумони ин кишвар, бояд неруҳои бегонаро аз Ироқ ихроҷ кунад.
Порлумони Ироқ дар январи 2020 дар пайи иқдоми террористии Амрико дар террори Ҳоҷ Қосими Сулаймон, фармондиҳи вақти нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, ноибраиси созмони Ҳашдуш-Шаъбии Ироқ, тарҳи ихроҷи неруҳои бегона аз хоки ин кишварро тасвиб кард.