Тазоҳурот дар Фаластини ишғолӣ дар пайи барканории вазири ҷанги режими саҳюнистӣ+Видео
(last modified 2023-03-27T05:39:22+00:00 )
Март 27, 2023 10:39 Asia/Dushanbe

Манобеи хабарӣ якшанбешаб гузориш доданд, дар пайи барканории вазири ҷанги режими саҳюнистӣ аз сӯи Бенёмин Натанёҳу, ҳазорон нафар дар Қудси ишғолӣ ва Тел-Авив алайҳи Натанёҳу тазоҳурот карданд.

Шомгоҳи якшанбе Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ Йоав Галант, вазири ҷанги кабинаи худро барканор кард.

Ба гузориши ИРНА, муътаризон дар Қудси ишғолӣ дар наздикии мақарри иқомати Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ таҷаммуъ карданд ва хостори барканории ӯ шуданд.

Дар пайи тазоҳуроти саҳюнистҳо дар наздикии манзили Натанёҳу, неруҳои амниятӣ хонаводаи нахуствазири режими саҳюнистиро ба макони амне мунтақил карданд.

Бар асоси ин гузориш, тазоҳуроткунандагон бо убур аз мавонеи амниятӣ ба наздикии маҳалли иқомати Натанёҳу дар Қудси ишғолӣ расиданд.

Йоав Галант, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ шанбешаб билохира таслими эътирозот дар сарзаминҳои ишғолӣ шуд ва хостори таваққуфи қонуни ислоҳи низоми қазоӣ шуд.

Дар тарҳи кобинаи Натанёҳу мавсум ба "ислоҳи қонуни қазоӣ", ки сокинони сарзаминҳои ишғолӣ онро кудатои "қонуни асосӣ" таъбир мекунанд, аз ихтиёроти дастгоҳи қазоии ин режим коста ва дар муқобил қудрату ҷойгоҳи қувваи иҷроӣ ва қонунгузорӣ дар ин режим тақвият хоҳад шуд.

Ин лоиҳа дар ҷаласаи Кнессет, ки рӯзи душанбе баргузор шуд, бо 63 раъйи мувофиқ ва 47 раъйи мухолиф ба тасвиб расид.

Ба дунболи густариши тазоҳуроти мухолифони кобинаи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Фаластини ишғолӣ, артиши ин режим бомдоди душанбе ба ҳолати омодабош даромад.

 

Барчасп