Тафсир - Нофармонӣ дар артиш; муъзали бузурги Исроилу Натаняҳу
Ҳамзамон бо баргузории сездаҳумин ҳафтаи тазоҳуроти мардумӣ алайҳи кабинаи Натаняҳу, ҷавонони саҳюнист, ки баргаи эъзом ба хизмат доштанд низ бо оташ задани ин баргаҳо ба ҷамъи низомиёне пайвастанд, ки аз фаъолият дар артиш тамарруд (нофармонӣ) кардаанд.
Исроил аз 13 ҳафта пеш токунӯн шоҳиди баргузории тазоҳуроти мардумӣ аст. Далели аслии ин тазоҳурот, тарҳи ислоҳи қазоӣ аст, ки кабинаи Натаняҳу ва Кнессети режими саҳюнистӣ пайгирӣ мекунанд. Мутобиқи ин тарҳ, аз ихтиёроти дастгоҳи қазоӣ коста ва бар мудохилаи қувои муҷрия ва муқаннана дар умӯри қазоӣ афзӯда мешавад. Муътаризони чанд садҳазорнафарии ин тарҳ муътақид ҳастанд, кабинаи Натаняҳу дарсадади кудатои қазоӣ аст.
Дар идомаи тазоҳурот алайҳи ин тарҳ, рӯзномаи Yedioth Aharonot ва шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ эълом карданд, рӯзи якшанбе ҳам тазоҳуроти густардае барои сездаҳумин ҳафтаи паёпай дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Тел Авив баргузор шудаасту ҳудӯди 200 ҳазор нафар дар ин тазоҳурот ширкат карданд.
Бахши таҳдидомези ин тазоҳурот марбӯт ба пайвастани низомиён ба муътаризон аст. Шумори зиёде аз неруҳои низомӣ дар эътироз ба тарҳи ислоҳи қазоӣ аз хизмат дар артиш истеъфо доданд.
Дар идомаи ин раванд, расонаҳои ибризабон эълом карданд: Шуморе қобили таваҷҷуҳ аз ҷавонони саҳюнист дар эътироз ба сиёсатҳои кабинаи Натаняҳу баргаҳои эъзом ба хизмати иҷбории худро миёни таҷаммуъи муътаризин ба оташ кашида ва ба дигар афроде пайвастанд, ки бо тамарруд аз артиш ҳозир ба пайвастан ба ягонҳои худ барои хизмат эҳтиёт нашуданд.
Натаняҳу пеш аз ин, аз имтиноъ бархе аз неруҳои захира аз омӯзиш ё хизмат дар артиш дар эътироз ба ислоҳи қазоӣ интиқод кард ва бо баёни инки интизор дорем то дигар ниҳодҳои амниятии кишвар мавзеи қотеъонае дар ин маврид иттихоз кунанд, гуфт, кишвар бидуни артиш наметавонад ба мавҷӯдияти худ идома диҳад.
Ҳамчунин Натаняҳу, Йоав Галант, вазири ҷангро ба далели мухолифат бо ислоҳот барканор кард ва гуфт: «кабинаи Исроил наметавонад бо афроде, ки аз хизмат дар артиш имтиноъ мекунанд идома диҳад». Ин иқдоми Натаняҳу сабаби пайвастани низомиёни бештаре ба муътаризон шуда, ба наҳве, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ барои бозгардондани Галант ба вазорати ҷанг таҳти фишор қарор дорад.
Тамарруд дар артиш бо ҳушдори мақомоту шахсиятҳои исроилӣ мувоҷеҳ шуда ва аз он ба унвони як таҳдиди ҷиддӣ ёд мекунанд. Низомиёну ҷавонони мутамаррид эълом карданд, бахше аз ҷомеъаи саҳюнистӣ ҳастанд ва бо мардум алайҳи кудатои қазоӣ ҳамроҳ мешаванд. Пайвастани бахше аз низомиён ба мардум сабаби бурузи шикоф дар артиш шудааст, чаро ки бахше аз нерӯҳои артиш низ ҳомии кабинаи Натаняҳу ҳастанд.
Бар ҳамин асос, генерал-майор Тамир Хейман, раиси собиқи Идораи иттилооти Исроил ва мудиромили муассисаи мутолиоти амнияти миллӣ бо ҳушдор дар бораи шикоф дар артиш гуфт, эътирозот мумкин аст ба як таҳдиди амниятӣ табдил шавад, зеро бархе дар артиши шурӯ ба тақсим шудан ба урдӯгоҳҳои мувофиқ ва мухолифи ислоҳоти қазоӣ кардаанд.
Ба гуфтаи Ҳейман, ҷумбиши тудаӣ метавонад боиси «таъмиқи ихтилофот дар дохили воҳидҳои артиш шуда ва шикофҳо бештару амиқтар шавад».
Бештар бихонед: