Як корвони луҷистикии артиши Амрико дар Бобили Ироқ ҳадаф қарор гирифт
Манобеи низомӣ аз ҳадаф қарор гирифта шудани як корвони луҷистикии артиши Амрико дар Бобили Ироқ хабар доданд.
Корвонҳои амрикоӣ ё аз ҷануб бо убӯр аз марзи Кувайт ё аз шимоли ғарб бо убӯр аз гузаргоҳи ғайрии қонунии «Ал Валид» дар устони Найнаво вориди Ироқ шуда ва таҷҳизоти мавриди ниёзи низомиёни амрикоии мустақар дар Ироқро ҳамл мекунанд.
Як корвони луҷистикии артиш шомгоҳи сешанбе дар Бобили Ироқ ҳадаф қарор гирифта шуд.
Ҳанӯз ҷузъиёте дар бораи талафоти эҳтимолии ин ҳамла ва мизони хисороти ворида ба корвони амрикоӣ мунташир нашудааст.
Пас аз мусаввабаи порлумони Ироқ дар бораи хориҷ кардани низомиёни бегона аз хоки ин кишвару тааллули Бағдод дар ин амр, корвонҳои луҷистикии Эътилофи амрикоӣ ба таври ҳафтагӣ ва гоҳе дар тӯли як рӯз чанд бори ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор мегиранд.