Апрел 11, 2023 18:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳамалоти ҳавоӣ Амрико ба шарқи Сурия
    Ҳамалоти ҳавоӣ Амрико ба шарқи Сурия

Неруҳои эътилофи амрикоӣ шимоли шарқи Дерлзури Сурияро мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор доданд.

Ба гузориши шабакаи Русия Алявм ҷангандаҳои эътилофи амрикоӣ мавсум ба эътилофи зидди ДИИШ манотиқи Ҳатла ва Хешом дар шимоли шарқи устони Дерлзурро ҳадаф қарор доданд.

Пештар фармондеҳи марказии неруҳои амрикоӣ эълом карда буд неруҳои эътилофи амрикоӣ дар пойгоҳи Кунику дар Сурия шомгоҳи душанбе мавриди ҳамлаи як мушак қарор гирифт, аммо бо иддаои у ин ҳамла хисорати ҷони ва молӣ надошт.

Майдони газии Кунику яке аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии Амрико дар Дерлзур дар шарқи Сурия аст.

Манотиқи таҳти ишғоли неруҳои амрикоӣ ва шибҳи низомиёни мавсум ба нерудоҳи демакратики курди Сурия таҳти ҳимояти онҳо дар Алҳасака ва дигар манотиқи шимоли Сурия ҳамвора шоҳиди эътирозоти шаҳрвандони сурӣ ба ҳузури иқдомоти террористии ишғолгарон ва шибҳанизомиён зидди сокинони ин манотиқ аст.

Давлати Сурия борҳо таъкид карда аст ин шебҳанизомиён ва амрикоиҳо дар шарқ ва шимоли шарқи Сурия ҳадафи ҷуз ғорати нефт надоранд ва ҳузури онҳо ғайриқонуни аст.

Барчасп