Апрел 17, 2023 17:02 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи Натаняҳу пас аз якмоҳ вақфа азсар гирфта мешавад

Ҷаласаи муҳокимаи Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ пас аз як моҳ таваққуф, имрӯз (душанбе) азсар гирфта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷаласа бо шаҳодати Шломо Мешулам, афсари полисе, ки таҳқиқоти ду маврид аз се парвандаи Натаняҳуро ҳидоят мекард, идома хоҳад ёфт. Аз дигар шоҳидони барҷастае, ки қарор аст дар ояндаи наздик шаҳодат диҳанд, метавон ба Ари Аро, раиси собиқи дафтари Натаняҳу ва Яир Лапид, раиси мухолифон; вазири додгустарии собиқ Тзипи Ливни ва вазири собиқи иртиботот, ишора кард.

Натаняҳу дар парвандаи мавсӯм ба "1000" ба дарёфт ришва ва фасоди молӣ муттаҳам ас . Натаняҳу ба таври ғайриқонӯнӣ аз шахсиятҳои сарватманд ба номи Ҷеймс Паркер, миллиардери австролиёӣ ва Арнон Милкен, аз таҳиякунандагон филмҳои ҳолливудӣ ҳадоёи молӣ ба арзиши даҳҳо ҳазор доллар дарёфт карда буд.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар парвандаи мавсӯм ба "2000" низ муттаҳам ба дарёфт ришва аз Арнон Мозис, ношири рӯзномаи «Едиот Ахронот» дар изои ҳимоят аз он дар баробари рӯзномаи исроилии Ҳум, бузургтарин рақиби Аҳронот аст.

 

Барчасп