Идомаи яҳудисозӣ ва насби парчамҳои саҳюнистӣ дар ҳарами шарифи Иброҳимӣ
(last modified Tue, 25 Apr 2023 06:33:29 GMT )
Апрел 25, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Режими ишғолгар саъй дорад бо истифода аз зӯр ривояти торихии марбут ба ҳарами шарифи иброҳимиро тағйир диҳад
    Режими ишғолгар саъй дорад бо истифода аз зӯр ривояти торихии марбут ба ҳарами шарифи иброҳимиро тағйир диҳад

Режими саҳюнистӣ дар идомаи сиёсати яҳудисозии ҳарами шарифи Иброҳимӣ дар Алхалил, воқеъ дар Каронаи бохтарӣ парчамҳои ин режимро бар деворҳои ҳарам насб кард.

Саҳюнистҳои шаҳракнишин рӯзи душанбе бо ҳамла ба муҳавватаи ҳарами Иброҳимӣ дар шаҳри Алхалил парчамҳои худро бар деворҳо ва ҳавлии ин макони муқаддас барафроштанд .
Ба гузориши рӯзи сешанбеи вебгоҳи Аларабӣ Алҷадид, Ҳотам Албакрӣ-вазири авқофу умӯри динии Фаластин ин иқдоми саҳюнистҳоро маҳкӯм кард ва гуфт: Насби парчами Исроил бар деворҳои ҳарами шарифи иброҳимӣ нақзи ҳамаи қавонин ва муъоҳидоти байналмилалӣ аст .

Вазири авқофи Фаластин афзуд: Режими ишғолгар саъй дорад бо истифода аз зӯр ривояти торихии марбут ба ҳарами шарифи иброҳимиро тағйир диҳад.

Албакрӣ тасреҳ кард вазири хориҷаи Фаластин дар талош аст то ин мавзӯро ба маҳофили байналмилалӣ интиқол дода ва аз кишварҳо барои мудохила дархост кунад, чаро ки ҳарами иброҳимӣ 25 октябри 2018 тавассути ЮНЕСКА ба сабт расидааст .
Масҷиди Иброҳимӣ дар шаҳри Алхалил қарор дорад ва пешинаи он ба панҷ ҳазор соли пеш боз мегардад . Ин масҷид баъд аз масҷиди Алҳаром, Масҷидуннабӣ ва масҷиди Алақсо-чаҳорумин масҷиди қадимии ҷаҳони Ислом аст ва наздик ба 12 ҳазор нафар гунҷоиш дорад . Оромгоҳи ҳазрати Иброҳим ( ъ )  низ дар ин масҷид қарор дорад .
 
Бештар бихонед :