Май 10, 2023 12:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Тазоҳуроти тарафдорони Имронхон дар Карачӣ
    Таҳлил : Тазоҳуроти тарафдорони Имронхон дар Карачӣ

Шабакаи телевизионии Алҷазира тасовири зинда аз тазоҳуроти тарафдорони Имронхон нахусвазири собиқи Покистон дар шаҳри Карачиро дар эътироз ба боздошти вай пахш кард.

Ҳизби Таҳрики- Инсофи Покистон пеш аз ин эълом кард, "Имронхон" дар дохили додгоҳи Исломобод боздошт шудааст. Пештар низ пешбинӣ  мешуд, ҳадафи умда аз  кашондани Имронхон ба додгоҳ талош барои боздошти вай будааст. Ҳизби Таҳрики- Инсоф боздошти Имронхонро дар ҷиҳати бадном кардани "Хон" ва хориҷ кардани ӯ аз гуди интихоботи қаламдод мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки Имронхон ва Таҳрики- Инсофи ингӯна иқдомотро муҷиби қавоми бештар мавқеияти ҳизб дар назди афкори умумии Покистон медонанд.

"Аҳмадм Мансурхон" таҳлилгари сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:

Покистон дар шароите нест, ки вориди даври тозае аз бӯҳрони сиёсӣ шавад бо ин ҳол ба назар мерасад авлавияти ду ҳизби муҳими Покистон яъне Мусалами  Лигнавоз ва мардум аз саҳна хориҷ кардани муҳимтарин рақиби интихоботиашоро яъне ҳизби Таҳрики- Инсоф аст дар ин масир ба паёмадҳои он ҳам таваҷҷӯҳ надоранд. Паёмадҳое, ки агар аз кантрол хориҷ шавад мумкин аст шароити амниятии Покистонро мухотира биандозад.

Ин бадон маъно аст, ки авлавияти феълии Покистон сулҳ ва амният дар баробари гурӯҳҳои террористӣ ба хусус таҳрики Толибон аст, ки дар моҳҳои ахир ё хурӯҷ аз оташбас бо артиши Покистон ҳамалоти террористии худро шиддат бахшидааст. Дар воқеъ чолишҳои фароравии давлати Покистон масоиле ҳастанд, ки аз тариқи тақвияти вафоқ ва ваҳдати миллии қобили ҳал аст.

Аз ин рӯ талоши дастгоҳҳои қазоии Покуистон барои боздошти Имронхон. ки аз дидгоҳи Имронхон ва ҳизби таҳрики инсоф, ҳаракати сиёсӣ қаламдод мешавад- сирфан иқдоме барои ташинзоӣ аст аммо мумкин аст барномаҳои давлат барои ҳали мушкилоти иқтисодӣ ва амниятии Покистонро бо душвори ва чолиш мувоҷҷеҳ кунад.

"Муҳсен Рӯисифат" коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора намӯяд:

ҲизбиТаҳрики- Инсофи Покистон ба унвони қудрати саввум бо ҳимоятҳои артиш дар Покистон ба қудрат расид аммо ба фаврият ва бо таваҷҷӯҳ ба сиёсатҳои зиддӣ фасод тавонист мавқеъияти худро дар ҷомеъаи Покистон таҳким бахшад. Аз инрӯ ба назар мерасад иқдомоти дастгоҳҳои қазоии Покистон  барои тахриби ваҷҳаи Таҳрики- Инсофи ва боздошти Имронхон бо чароғи сабзи артиш ва дар ҳамоҳангӣ бо се унсури қудрат яъне артиш, дастгоҳи қазоӣ ва давлати сурат гирфтааст то ҳар гуна нигарони аз бозгашти Таҳрики- Инсоф ба қудрат аз байн биравад.

Дар ҳар ҳол, Имронхон озмӯне аз тарафи дастгоҳи қазоӣ ва аҳзоби муҳими Покистон барои санҷиш мавқеъияти ҳаводорони Таҳрики- Инсоф ҳам маҳсуб мешавад. Ин, ки  Имронхон ва ҳизбаш то чӣ ҳадд тавоноӣ доранд то ҳаводорони худро дар хиёбонҳо басиҷ кунанд, мавзӯъи муҳиме аст ва барномаи ояндаи аҳзоби мардум ва Муслим Лигнавозро дар бархурд бо Имронхон ва ҳизбаш таъин мекунад. Зеро чунон чӣ эътирози ҳизби Таҳрики- Инсоф  ва ҳузӯри ҳаводорони он дар тазоҳуроти эътирозӣ ба гунае бошад, ки давлату дасгоҳҳои амниятӣ тавоноии кантроли онро дошта бошанд, қатъан  фишорҳо бар Таҳрики- Инсоф ва шахси Имронхон бештар хоҳад шуд. Дар ғайри ин сурат ва таъкиди давлати Покистон бар идомаи боздошти Имронхон мумкин аст ин кишарро вориди бӯҳрони тозаи сиёсӣ кунад,ки барои ҳеч як аз тарафайни таниш, судманд нахоҳад буд.

Барчасп