Май 15, 2023 09:36 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳоди исломӣ: Режими саҳюнистӣ қодир ба таҳдиди миллати Фаластин нест
    Ҷаҳоди исломӣ: Режими саҳюнистӣ қодир ба таҳдиди миллати Фаластин нест

Узви дафтари сиёсии ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин бо баёни ин, ки Исроил то дандон мусаллаҳ натавонист бар Ғазаи муҳосира шуда пирӯз шавад, гуфт: Исроил дигар қодир ба таҳдиди миллати Фаластин нест.

Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммад Ал-Ҳанади рӯзи якшанбе афзӯд: Режими саҳюнистӣ гирифтори мушкилоти дохилӣ аст ва наметавонад бо таҳмили шароити амниятии ҷадид ба муҳити атрофи худ аз ин мушкилот фарор кунад.

Вай бо баёни ин, ки нерӯҳҳои Қудс барои набарди чанд моҳа омода буданд , афзӯд: Ишғолгарон аз якпорчагии майдон нигарон буданд ва метарсиданд, ки Ҳамос вориди рӯё рӯии мустақим бо онҳо шавад.

Ал-Ҳанадӣ, мавзӯъи Фаластинро масъалаи ҳамаи уммати исломӣ ва озодагони ҷаҳон донист ва изофа кард:  Меҳвари муқовимат дар рӯзҳои ахир шикаст ва нокомии Исроил дар тафриқа афканӣ ва тармими боздорандагиашро ба исбот расонд.

Барчасп