Зиёд Ал Нахола: Террори раҳбарони муқовимат мӯҷиби суст шудани муборизони фаластинӣ нашудааст
(last modified 2023-05-24T04:25:28+00:00 )
Май 24, 2023 09:25 Asia/Dushanbe
  • Зиёд Ал Нахола: Террори раҳбарони муқовимат мӯҷиби суст шудани муборизони фаластинӣ нашудааст

Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт, террори раҳбарони муқовимат мӯҷиби суст шудани муборизони фаластинӣ нашудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Зиёд Ал Нахола дар вокуниш ба таҳдидоти Бинямин Натаняҳу барои идомаи террори раҳбарон муқовимат гуфт, мо дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо, қодир ба ҳадафи қарор додани Тел Авив ва дигар шаҳрҳои ишғолӣ ҳастем.

Вай таъкид кард, агар Натаняҳу ҷуръат кунад раҳбарони Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластинро дар арсаҳои дигар ҳадаф қарор диҳад, шаҳракҳои саҳюнистнишин омоҷи ҳамалоти муқовимат қарор хоҳад гирифт.

 

Барчасп