Юриши дубораи саҳюнистҳо ба Масҷидулақсо
Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист дубора ба Масҷидулақсо юриш бурданд.
Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломӣ - фаластинии шаҳри Байтулмуқаддас ҳамвора ҳадафи иқдомоти вайронгаронаи режими ишғолгари Қудс қарор доштааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии Алаҳд, шумори зиёде аз шаҳракнишинони саҳюнист бори дигар ва дар иқдоми таҳрикомезу мутаҷовизонаи субҳи имрӯз панҷшанбе бо ҳимояти неруҳои амниятӣ ва артиши режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо юриш бурданд .
Дар ин гузориш омадааст саҳюнистҳои ишғолгар дар ин иқдоми худ одобу русуми динӣ ва мазҳабии мавсӯм ба одоби « талмудӣ анҷом доданд, то мунҷар ба таҳрику барофрухтани хашми мардуми Фаластин шаванд .
Шаҳракнишинони саҳюнист ҳар аз гоҳе ба саркардагӣ ва таҳрики мақомоти тундрави режими Тел-Авив ба масҷиди Алақсо юриш мебаранд ва талош доранд, ки вазъияти ин макони муқаддасро тағйир диҳанд .