Ҳизбуллоҳ хостори бархурди ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо режими саҳюнистӣ шуд
(last modified Sat, 24 Jun 2023 05:34:48 GMT )
Июн 24, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ хостори бархурди ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо режими саҳюнистӣ шуд

Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим ва масҷидҳо тавассути саҳюнистҳо хостори бархурди кишварҳои арабӣ, исломӣ ва маҷомеъи байналмилалӣ бо режими опартайди Тел-Авив шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе беҳурматӣ ба Қуръони Карим ва масҷидҳо аз сӯйи шаҳракнишинон саҳюнистро иқдоми ғайриқобили пазириш ва хатарнок донист ва онро маҳкум кард.
Дар ин баёния омадааст, ки ин иқдом болотарин навъи терроризм ва нажодпарастӣ ва тавҳин ба эътиқодоти мардуму дини онҳо аст.
Ҳизбуллоҳ хотирнишон кард ки ин иқдом нақзи тамоми арзишҳои динӣ ва инсонӣ ва ахлоқӣ аст.
Дар бахше аз ин баёния омадааст, ки аз давлатҳои арабӣ ва исломӣ ва созмонҳои ҳуқуқӣ ва байналмиллалӣ мехоҳем, ки ин иқдомро маҳкум ва гомҳои лозим барои ҷилавгирӣ аз такрори онро бардоранд.