Боздошти 30 фаластинӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдун
(last modified Tue, 27 Jun 2023 08:20:07 GMT )
Июн 27, 2023 13:20 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд
    Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд

Низомиёни саҳюнист дар идомаи иқдомоти хасмонаи худ шуморе аз фаластиниёнро боздошт карданд.

Саҳюнистҳо барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранду фаластиниёнро шаҳид, маҷрӯҳ ва ё боздошт мекунанд .
Расонаҳои фаластинӣ ба нақл аз бошгоҳи асирони фаластинӣ эълом карданд артиши режими саҳюнистӣ душанбешаб 13 фаластиниро дар шаҳрҳои Ромуллоҳ, Тулкарм,Байтлаҳм ва Алхалил боздошт кард .17 фаластинӣ низ аз ҷумла чанд асири собиқи фаластинӣ дар бахши шарқии Қудс ва рӯстоҳои атрофи он боздошт шуданд .
Фаъолони фаластинӣ таъкид мекунанд саҳюнистҳо барои саркӯби муборизоти фаластиниён дар Каронаи бохтарӣ асирони озодшудаи фаластинӣ ва хонаводаи онҳоро ҳадафи ҳамалоти худ қарор медиҳанд.

Бештар бихонед :