Раиси полиси Тел-Авив аз кор барканор шуд
Июл 06, 2023 11:01 Asia/Dushanbe
Раиси полиси Тел-Авив дар эътироз ба дахолатҳои кабинаи режими саҳюнистӣ дар кори нерӯҳои амниятӣ, аз вазифаи худ канорагири кард.
Натанияҳу тарҳеро барои кам намудан аз қудрати дастгоҳи қазоӣ дар Фаластини ишғолӣ пешниҳод кардааст. Тарҳи ӯ шомили пешниҳодҳое барои маҳдуд кардани қудрати Додгоҳи оли режими саҳюнистӣ аст.
Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Форс,«Оми Эшид» раиси полиси саҳюнистии минтақаи Тел-Авив дар Фаластини ишғолӣ чаҳзоршанбе шаб дар баёнияе бо ишора ба мудохилаи сиёсии аъзои кабинаи ростгаро ва ифротии Натанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ мабни бар дархости саркуби шаддидтари муътаъризони зиддӣ Натанияҳу истеъфои худро эълом кард.