Июл 11, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Кашфи иртиботи режими саҳюнистӣ бо унсури беэҳтиромӣ ба Қуръон дар Шветсия

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии исломии Эрон аз робитаи байни созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ ва Селвон Момико-унсури беэҳтиромӣ ба Қуръони маҷид дар Шветсия парда бардошт .

Фарди ифротие ба номи Селвон Момико 28 июн дар Стокголм-пойтахти Шветсия як нусха аз Қуръонро пора кард ва онро дар масҷиди марказии ин шаҳр ба оташ кашид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати иттилооти Эрон дар иттилоъие эълом кард бар мабнои иттилооти мувассақи бадастомада, Селвон Момико мутаваллиди соли 1986 дар Ироқ буда ва дар соли 2019 ба истихдоми созмони ҷосӯсии режими саҳюнистӣ даромадааст .
Ин иттилоъия бо ишора ба инки Селвон Момико нақши умдае дар ҷосӯсӣ аз ҷараёни муқовимат ва пешбурди пружаи таҷзияи Ироқ ифо мекунад, меафзояд: Момико иқомат дар Шветсияро ба унвони дастмузди хиёнатҳояш ба миллати Ироқ ва уммати Ислом аз саҳюнистҳо дарёфт мекунад ва пас аз иқомат дар Шветсия муздӯрии хеш барои режими ғосибро дар қолаби маъмуриятҳои мутаносиб бо шароиту дастрасиҳои ҷадидаш идома медиҳад .
Вазорати иттилооти Эрон дар ин иттилоъия тасреҳ кард вай дар ҳафтаҳои ахир ва ба дунболи барномарезии режими саҳюнистӣ барои саркӯби муқовимати машрӯъи мардумии Фаластин дар Каронаи бохтарии руди Урдун пружаи сиёҳу мулҳидонаи ҳаттокӣ ба Қуръони маҷидро бо ҳадафи ба ҳошия рондани ахбори ҷиноёти ҳавлноку густардаи режими саҳюнистӣ ба иҷро мегузорад.

Бештар бихонед :

 

Барчасп