Режими саҳюнистӣ дар садади сохти ҳазорон воҳиди маскунии ҷадид
(last modified Sun, 25 Dec 2016 14:24:04 GMT )
Декабр 25, 2016 19:24 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ дар садади сохти ҳазорон воҳиди маскунии ҷадид

Мақомоти режими саҳюнистӣ бо вуҷуди тасвиби қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи таваққуфи шаҳраксозиҳо дар манотиқи фаластинӣ, саъй доранд панҷ ҳазору 600 воҳид бинои ҷадид дар ин манотиқ бисозанд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи пойгоҳи интернетии рӯзномаи саҳюнистии "Ҳюм", Кумитаи маҳаллии барномарезӣ ва сохти вобаста ба шаҳрдории режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ, қарор аст рӯзи чаҳоршанбе (28-уми декабр) тарҳи сохти ду ҳазору 200 воҳиди маскунӣ дар шаҳраки "Гилу", се ҳазор воҳиди маскунӣ дар шаҳраки наздики Байти Сафофа, дар ҷануби Қудс ва 400 воҳиди дигарро дар шаҳраки "Рамот Шлуму", дар шимоли Қудси ишғолӣ таъйид кунад.

Маир Тарҷумон, муовини раиси Кумитаи маҳаллии барномарезӣ ва сохти режими саҳюнистӣ дар ин бора гуфт, Исроил таҳти таъсири тасмимҳои Созмони милали муттаҳид ё тарафҳои дигар қарор намегирад.

Шӯрои амнияти Созмони милал ҷумъашаб қатъномаеро дар маҳкумияти шаҳраксозиҳои режими саҳюнистӣ дар манотиқи фаластинӣ бо 14 раъйи мусбат тасвиб кард ва фақат Амрико ба он раъйи мумтанеъ дод.

 Бар асоси ин қатънома, режими саҳюнистӣ мулзам мешавад фавран ва ба таври комил фаъолиятҳои шаҳраксозии худро дар манотиқи фаластинӣ, аз ҷумла Қудси шарқӣ мутаваққиф кунад.

Режими саҳюнистӣ аз оғози соли 2016 мусодираи заминҳои фаластиниён барои сохти шаҳракҳои саҳюнистнишинро шиддат бахшидааст. Ба наҳве, ки мизони мусодираи заминҳои фаластиниён аз оғози соли ҷорӣ то кунун нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 439 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Режими Исроил бо эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистнишин дар садиди тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳрае саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаҷӯиҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.