Июл 23, 2023 11:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳурот алайҳи Натанёҳу дар Фаластини ишғолӣ

Сокинони сарзаминҳои ишғолӣ рӯзи шанбе барои бисту нуҳумин ҳафтаи пайдарпай алайҳи Бинёмин Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ ва тарҳи ислоҳоти қазоии вай тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, камаш 85 ҳазор нафар дар баробари книссет дар Қудси ишғолӣ ва 100 ҳазор нафар дар Тел-Авив алайҳи тағироти қазоии нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд; ин дар ҳоле аст, ки бархе манобеи хабарӣ теъдоди тазоҳуроткунандагон дар Тел-Авивро болиғ бар 250 ҳазор нафар гузориш додаанд.
Дар шаҳри Ҳайфа низ тазоҳуроти густардае алайҳи Натанёҳу баргузор шуда ва таи он ҳазорон нафар алайҳи тарҳи тағироти қазоии вай шиор доданд.
Расонаҳои режими саҳюнистӣ ҳамчунин аз пайвастани ҳудӯди 100 генерал, раиси собиқи Ситоди муштараки артиш ва раиси собиқи МОССАД ба эътирозот алайҳи тарҳи тағироти қазоии нахуствазири ин режим хабар доданд.
Дар тарҳи кабинаи Натанёҳу мавсум ба ислоҳи қонуни қазоӣ аз ихтиёроти дастгоҳи қазоӣ коста ва дар муқобил қудрату ҷойгоҳи қувваи иҷроия ва қонунгузорӣ дар ин режим тақвият хоҳад шуд.

 

Барчасп