Ихроҷи 15 ҳазор паноҳҷуии афғон аз Туркия
(last modified Tue, 25 Jul 2023 08:08:55 GMT )
Июл 25, 2023 13:08 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи 15 ҳазор паноҳҷуии афғон аз Туркия

Дар шаш моҳи нахусти имсол беш аз 15 ҳазор паноҳҷуии афғон аз Туркия ихроҷ шудаанд.

Беш аз чаҳор даҳаи ҷангу ишғолгарӣ дар Афғонистон мӯҷиби муҳоҷирати миллионҳо шаҳрванди ин кишвар шудааст.
Бар асоси омори Вазорати муҳоҷирини ҳукӯмати Толибон беш аз ҳафт миллион муҳоҷири афғон дар Покистону Эрон ва беш аз як миллион тан дар дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Бо ин ҳол ҳукӯмати муваққати Толибон аз шаҳрвандон хоста дар Афғонистон бимонанд ва ба дур аз мушкилот дар кишвари худ зиндагӣ кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Ҳикмат-масъӯли Анҷумани ҳимоят аз паноҳҷуёни афғон дар Туркия рӯзи душанбе гуфт, ки аз аввали январ то 22 июни имсол 15 ҳазору 20 паноҳҷуи афғон аз Туркия ихроҷ шудаанд.
Вай афзуд ин рақам беш аз 55 дарсади паноҳҷуёни афғонро ташкил медиҳад, ки таи соли ҷории милодӣ дар Туркия боздошт шудаанд.
Бар асоси радабандии Вазорати кишвари Туркия шаҳрвандони Афғонистон дар садри паноҳҷуёни ғайриқонӯнӣ дар ин кишвар қарор доранд, ки боздошт шудаанд .
Бо ин ҳол ихроҷи паноҳҷуёни афғон пас аз суқӯти ҳукӯмати гузаштаи Афғонистон то муддате мутаваққиф шуда буд, аммо бори дигар аз сар гирифта шудааст .
 

 

Барчасп