Июл 28, 2023 21:45 Asia/Dushanbe
  • Насруллоҳ: Мардум бояд рӯҳияи имону ҷиҳодии худро ҳифз кунанд
    Насруллоҳ: Мардум бояд рӯҳияи имону ҷиҳодии худро ҳифз кунанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханронии маросими шаби Ошӯрои ҳусайнӣ дар Бейрут гуфт, таҷрибаи муқовимат дар Лубнон нишон дод, ки мавҷи муқовимат дар минтақа зинда аст.

Имрӯз – ҷумъа, мусодиф бо даҳумин рӯзи моҳи Муҳаррамулҳароми соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, Ошӯрои Ҳусайнӣ (а) аст. Ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми Муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши вебгоҳи хабарии “Алманор”, Сайид Ҳасан Насруллоҳ,  дабири кулли ҷумбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон дар маросими шаби Ошӯрои ҳусайнӣ дар минтақаи ҷанубии Бейрут бо ишора ба дарсҳои фаромӯшношудании исору фидокорӣ дар мактаби имом Ҳусайн (а) гуфт: Бахши бузурге аз мунозиоти ҷорӣ дар Лубнону ҷаҳон ба робитаи танозуи қудратмандон бар сари қудрату раҳбарӣ иртибот дорад.

Насруллоҳ дар маросими Тосуои ҳусайнӣ бо таъкид бар дарсҳои илҳомбахш аз воқеаи Тосуо ва Ошӯрои ҳусайнӣ дар ҷамъи азодорони ҳусайнӣ гуфт: Бисёре аз набардҳое ки дар тӯли таърих рух додааст, ба баҳонаи кашмакаш бар сари тасоҳуби ғаноим, энержӣ, нафт, тасаллут бар бозору энержӣ сурат гирифтааст ва ин мунозиот ҳаргиз дар ростои тарвиҷи адолату иқомаи мусовот дар миёни мардум рух надодааст.

Дабири кулли Ҳизбуаллоҳи Лубнон бо ишора ба авомили пушти саҳнаи ҷангафрӯзӣ дар тӯли таърих афзуд: Нухбагони сиёсӣ, моливу иқтисодӣ ҳамвора омили ҷангафрӯзӣ дар тӯли таърих барои таъмини манофеи дунявии худ буданд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо тамҷид аз нақши хонаводаи шуҳадои Лубнон дар истодагиву сабр дар пайравӣ аз мактаби имом Ҳусайн (а) таъкид кард, ҳамвора шоҳиди истодагӣ, фидокорӣ ва сабри хонаводаҳои шуҳадо дар баробари душманон будаем ва ҳамаи ин чолишҳову мушкилоте, ки дар тӯли муқовимати худ зидди душман шоҳид будем, осори мубораки фаровоне дар масири муқовимат аз назари камиву кайфӣ афзудааст.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар шаби Ошӯрои ҳусайнӣ таъкид кард, агар алъон имом Ҳусайн (а) ёвар мехостанд, размандагон аам аз зану мард эшонро танҳо намегузоштанд ва мардум бояд рӯҳияи имону ҷиҳодии худро ҳифз кунанд.

Насруллоҳ ба имону мавҷи зиндаи исору истодагии муқовимати Лубнон ишора карду афзуд, мавҷи муқовимат дар минтақаи сориву зинда ва омодаи исору шаҳодатталабӣ ва ҷиҳод зидди мутаҷовизон аст.

 

Барчасп