Июл 30, 2023 15:00 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ ба ҳафтаи сивуякум расид
    Тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ ба ҳафтаи сивуякум расид

Сокинони сарзаминҳои ишғоли барои сивуякумин шанбеи пай дар пай зидди Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ  ва тарҳи ислоҳоти қазоӣ вай тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА ин тазоҳурот дар Ҳайфа, Тел-Авив ва Қудси ишғоли бо ҳузури густардаи муътаризон баргузор шуд.

Муътаризон бо сардодани шиъорҳои зидди кобинаи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ хостори тавақуфи раванди тасвиби лоиҳаи тағироти қазоӣ шуданд.

Ба дунболи тасвиби қонуни лағви бурҳони маъқулият дар парлумони режими саҳюнистӣ манотиқи мухталифи сарзаминҳои ишғоли монанди чанд моҳи гузашта саҳнаҳои тазоҳурот зидди онҳо буда аст.

Барчасп