Тасмимоти кобинаи Ироқ дар мавриди роҳпаймои Арбаъин
Кобинаи Ироқ дар нишасти худ тасмимоти ҷадиди дар хусуси роҳпаймои Арбаъини ҳусейнӣ иттихоз кард.
20 сафари соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ Арбаъин шаҳодати ҳазрати имом Ҳусейн(а) имоми севуми шиъаёни ҷаҳон ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон кобинаи Ироқ нишастеро ба раёсати Муҳаммадшиёъ Алсудони нахуствазири ин кишвар баргузор кард, ки бахши аз ин нишаст ба масъалаи роҳпаймои Арбаъини ҳусейнӣ ва судури тасмимоти ҷадиди дар ин бора ихтсос дода шуд.
Бар асоси мусаваботи ҷадиди кобинаи Ироқ тамоми шаҳрвандони кишварҳои узви шурои ҳамкории Халиҷи Форс ба ҷои раводид ва барчасп, муҳри махсуси зиёрати Арбаъаин дар гузарномаи онҳо зада мешавад.
Ин тасмим дар ростои надуби интизории зоирон дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзи ва осонии раванди вуруди онҳо иттихос шуд.