Август 09, 2023 10:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бо Арабистон фиребкорист

Сухангӯи Ҳамос, изҳороти Натаняҳу дар бораи оддисозӣ бо Арабистонро сароб хонд ва таъкид кард, ин фиреби ҷадиде барои густариши шаҳраксозии ишғолгарони Қудс аст.

Ба гузориши хабаргузории Шаҳоб, Ҷиҳод Тоҳо, сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар вокуниш ба изҳороти ахири Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, музокироти сулҳ ё оддисозии арабӣ бо ишғолгарони Қудс фақат як саробу фароянде барои фиреб аст то ба ин режим фурсат дода шавад заминҳои фаластинии моро ба нафъи пружаҳои шаҳраксозиҳояш сирқат кунад.

Ҷиҳод Тоҳо тасреҳ кард, изҳороти ахири Натаняҳу, ки дар он муҷаддадан таъкид карда, иҷозаи ташкили кишвари Фаластинро нахоҳад дод, бори дигари ниёти таҷовузкорона ва рафтори фашистии ин режими ҷинояткор зидди мардуми Фаластину ҳуқуқи миллии онҳоро собит мекунад.

 

Барчасп