Август 11, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористҳои ДИИШ ба автобӯси низомиёни сурӣ

Автобуси ҳомили низомиёни артиши Сурия дар устони Дайруззур ҳадафи ҳамлаи террористҳои ДИИШ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, бомдоди ҷумъа террористҳои ДИИШ дар як камини аз пеш тарроҳишуда автобӯси ҳомили низомиёни артиши Сурияро дар биёбонҳои устони Дайруззур ба рагбор бастанд, ки бар асари он то кунун 20 нафар кушта ва 10 нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.
Ин автобус дар ҳоли интиқоли сарбозони сурӣ аз мақари худ ба шаҳри Дайруззур буд, ки дар як фазои бози биёбонӣ дар камини террористҳои ДИИШ гирифтор шуд.
Се рӯз пеш низ террористҳои ДИИШ  автобӯси ҳомили сарбозони артиши Сурияро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла 10 низомӣ куштаву теъдоди дигар маҷрӯҳ шуданд.
 

 

Барчасп