Август 12, 2023 17:43 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Ошкоршудани ихтилофоти дарунии кобинаи Натаняҳу дар бахши амниятӣ
    Таҳлил: Ошкоршудани ихтилофоти дарунии кобинаи Натаняҳу дар бахши амниятӣ

Ихтилофоти дарунии кобинаи Бинямин Натаняҳу дар бахши амнияти ташдид шуд ва ба мавзеъгирии ошкори вазирони кобина зидди ҳам расида аст.

9 моҳ аз оғоз ба кори кобинаи Бинямин Натаняҳу дар сарзаминҳои ишғоли мегузарад дар ин муддат ба сурати ҳафтаги тазоҳуроти густардаи мардуми зидди кобина баргузор шуд норизоятии мардум ноши аз ифротигароӣ, нажодпарасти, қудраталаби, дектатормаобони ва нодидагирифтани асли тафкики қудрат тавасути кобинаи Натаняҳу аст.

Тазоҳурот ва норизоятии мардуми шиканандаги ва фишори шадид зидди кобинаро дар пай дошта аст.

Бо ин ҳол кобинаи Натаняҳу дар даврони худ низ бо мушкилоти ҷидди ру ба ру аст аз ҷумлаи ин мушкилот набуди инсиҷом ва вуҷуди шикоф дар даруни кобина аст пеш аз ин вазири ҷанги кобинаи мухолифати худро бо тарҳи ислоҳи қазоӣ эълом карда буд, ки сабаб шуд Натанҳу вайро баркарон кунад аммо ниҳоятан бо фишори густардаи мардуми ва фишори неруҳои низоми маҷбур шуд аз тасмими худ дар барканории Голонет ақибнишини кунад.

Акнун нишонаи ҷадиди аз ихтилофоти ҷидди дар кобинаи Натаняҳу ошкор шуда аст вазири ҷанги саҳюнисти дар паёми шадидулаҳн ба вазири амнияти дохилии ин режим мухолифати худро бо таъсиси горди миллӣ ба унвони як идораи ҷудо аз полиси режими саҳюнистӣ эълом кард.

Шабакаи 12 режими саҳюнистӣ эълом кард вазири ҷанги ин режим дар номаи худ ба вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ эълом кард: Таъсиси дастгоҳи амниятии ҷадиди сабаби мушкилоти зиёди мешавад ва низоми амниятиро аз байн мебарад ҳеҷ ҷои барои шибҳинизомиёни вижа дар Исроил вуҷу надорад.
Бенгуир дар посухи вай гуф: Голонт одати зишити ирсоли паём ба расонаҳоро иртиқо дод ва ба дафтари мо паём мефиристад.

Мо ҳануз паёми Голонтро ки дар расонаҳо мунташир шуд дарёфт накардаем дар ҳақиқат кумитаи ҳануз пешниҳоди худро матраҳ накарда аст аммо мо ба Голонт пешниҳод медиҳем, ки вориди масоиле нашавад, ки ба у рабти надорад.

Бингуир гуфт, ки бо Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ барои таъсиси горди миллӣ ба тавофуқ расида аст ва танҳо вай ва Натаняҳу дар бораи чигунагии фаъолияти ин горд тасмим хоҳанд гирифт на вазир Голонт.

Ихтилофот миёни Голонт ва Бингуир ба танҳо мавзуъи таъсиси горди миллӣ марбут намешавад балки пеш аз ин низ тарафайн дар бораи пайгирии шаҳракнишинон низ дучори ихтилоф шуда буданд.

Бингуир муътақид буд, ки Голонт ба ҷои фаластиниҳо, шаҳракнишинонро таҳти пайгири қарор медиҳад аммо Голонт дар муқобил унвон карда буд шаҳракнишинони ифроти, ки ҳарҷумарҷ эҷод мекунад аз ҳомиёни Бингуир ҳастанд ва бояд таҳти пайгири қарор гиранд.

Бар ҳамин асос Бингуир дар ихтилофоти ҷадиди бо Голонт низ ба ихтилофоти пешин низ ишора карду гуфт: Голонт ки барои коршикани дар ислоҳоти қонуни талош кард ва ба пайгирии шаҳракнишинон мепардозад мо аз у мехоҳем дар умури горди миллӣ мудохила накунад.

Нуктаи поёни ин ки ихтилоф дар бораи таъсиси горди миллӣ танҳо байни Голонт ва Бингуир нест балки бархе аз масъуолни олирутбаи артиши режими саҳюнистӣ низ эълом карданд таъсиси чунин идорае, ки ба сурати мустақим вобаста ба Итмор Бингуир бошад як фоҷеъаи бузург барои амнияти ин режим аст.

Барчасп