Нақшаи нави вазири тундрави Натанёҳу барои тавсеаи шаҳраксозӣ
Итамар Бин Гойер-вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ аз нақшаи худ барои ихтисоси буҷет ба манзури тавсеаи ин шаҳракҳо дар Каронаи бохтарӣ ва шаҳри ишғолии Қудс хабар дод.
Ба гузориши рӯзи душанбеи маркази иттилоърасонии Фаластин, бин Гойер- вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ дар пайи ихтисоси 120 миллион шекел ( ҳар доллар баробари сею ним шекел ) барои тавсеаи шаҳракҳои саҳюнистнишин дар Каронаи бохтарӣ ва шаҳри ишғолии Қудс аст ва қарор аст 32 милюн шекел аз ин маблағ сарфи тавсеаи шаҳраксозӣ дар Қудси ишғолӣ шавад.
Бар асоси тарҳи ёдшуда қарор аст дурбинҳои мадорбастаи бештаре дар шаҳри Қудс насб шуда ва ҳуқуқи неруҳои амниятии режими саҳюнистӣ низ афзоиш ёбад ва марокизи исти бозрасии бештаре дар Қудс эҷод шавад .
Режими саҳюнистии ахиран бо тарҳи ҷадиди шаҳраксозӣ дар Қудси ишғолӣ мувофиқат кардааст, ки бар асоси он 1 ҳазору 700 воҳиди саҳюнистнишин ҷадид дар рустои « Байт Ҳанино » дар шимоли Қудси ишғолӣ эҷод хоҳад шуд.