Боздошти беш аз 25 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i106600-Боздошти_беш_аз_25_фаластинӣ_дар_Каронаи_бохтарӣ
Расонаи фаластинӣ аз юриши низомиёни саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарӣ ва боздошти 28 фаластинӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 24, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 25 фаластинӣ дар Каронаи бохтарӣ

Расонаи фаластинӣ аз юриши низомиёни саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарӣ ва боздошти 28 фаластинӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, низомиёни режими саҳюнистӣ имрӯз панҷшанбе бо юриш ба манотиқи мухталифи Каронаи бохтарии руди Урдун, 28 фаластиниро дар урдӯгоҳи Ақаба ҷабр, Ноблус,Тулкарм ва урдӯгоҳи Алфуор боздошт карданд.
Дар ин гузориш омадааст низомиёни ишғолгари режими саҳюнистӣ ҳамчунин " Акрама Алхамош, ҷавони фаластиниро пас аз муҳосираи хонааш дар Ноблус боздошт карданд.
Гурдонҳои Қудс - типи Ҷанин дар баёнияе эълом кард муҷоҳидини ин гурдон саҳаргоҳи имрӯз худрувҳои ишғолгарони саҳюнистро дар ҷараёни юриш ба шаҳри Қаботия бо гулӯлаҳои сангин ҳадаф қарор доданд.