Тафсир. Коҳиши маҳбубияти 75 дарсадии Натанёҳу ва таҳдид ба қатли аъзои девони олии Исроил
(last modified 2023-09-11T12:48:37+00:00 )
Сентябр 11, 2023 17:48 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати саҳюнистҳо бо лоиҳаи тағйироти қазоии кабинаи Натанёҳу
    Мухолифати саҳюнистҳо бо лоиҳаи тағйироти қазоии кабинаи Натанёҳу

Тибқи охирин натоиҷи назарсанҷӣ 75 дарсади саҳюнистҳо аз амалкарди Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ ва кабинааш норозӣ ҳастанд.

Дар ин назарсанҷие, ки шабакаи Кан анҷом додааст, 55 дарсади ширкаткунандагон эълом кардаанд, ки аз ҳеҷ як вузарои кабинаи Натанёҳу розӣ нестанд. Мухолифат бо Натанёҳу ба дунболи тарҳи ҷанҷолии ислоҳи қонуни қазоӣ, ки дар Фаластини ишғолӣ ба кудатое БиБи шуҳрат ёфтааст, ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Муътаризон ба лоиҳаи тағйироти қазоӣ шанбешаб, дар сивушашумин ҳафта аз эътирозоти худ дар шаҳрҳои мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ ба хиёбонҳо омаданд ва алайҳи он шиор доданд. Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки кабинаи Натанёҳу хатарнок ва ғайриқонунӣ аст.

Муътаризон ин тазоҳуротро посухе ба Амир Оҳана, раиси Кнессет (порлумон) –и режими саҳюнистӣ донистанд, ки гуфта буд, Кнессет зери бори ҳукми девони олӣ барои радди “Қонуни лағви бурҳони маъқулият” нахоҳад рафт.

Созмондиҳандагони эътирозот дар баёнияе эълом карданд, барои муқобила бо таҳдидҳову иқдомоти таҳрикомези кабина, ба таври гуруҳӣ ба хиёбонҳо хоҳем омад ва ба қуззот итминон хоҳем дод, ки ҳомии онҳо ҳастем то ба қавонини равшан расидагӣ кунанд ва на ба қавонини диктаторӣ.

Девони олии режими саҳюнистӣ тасмим гирифта, ки ҷаласаи расидагӣ ба додхостҳо алайҳи “Қонуни лағви бурҳони маъқулият”-ро 12 сентябр (21 шаҳривар) баргузор кунад. Ин ҷаласа қарор аст бо мушорикати комили 15 қозии Девони олӣ ва ба раёсати хонум Эстер Ҳают, раиси Додгоҳи олии режими саҳюнистӣ баргузор шавад. Дар тарафи муқобил, ҳаводорони кабинаи ифротии Натанёҳу низ ба саҳна омада ва бо даст задан ба қушӯнкашии хиёбонӣ мухолифони лоиҳаи ислоҳоти қазоиро ба қатл таҳдид кардаанд. Тарафдорон Бенёмин Натанёҳу панҷшанбешаб пеши Девони олии режими саҳюнистӣ таҷаммуъ карданд ва бо ҳамли баннерҳое дар ҳимоят аз қотили Исҳоқ Робин, нахуствазири собиқи ин режим, ба раиси Девони олӣ ҳушдор доданд.

Ҳамли баннерҳое дар ситоиш аз қотили Исҳоқ Робин ва бархе қотилҳои дигар метавонад ҳушдори саҳюнистҳои тундрав ба раису аъзои Девони олӣ бошад то аз иқдом алайҳи кабинаи Натонёҳу худдорӣ кунанд.

Вазири дороии режими саҳюнистӣ дар ин тазоҳурот дар бораи радди бурҳони маъқулият (бахши тасвибшудаи лоиҳаи тағйироти қазоӣ) ба Эстер Ҳают, раиси Девони олии ин режим ҳушдор дод.

Вай хитоб ба Ҳают бо баёни ин ки “Қонуни лағви бурҳони маъқулият” як қонуни поя аст, гуфт: «Ту ҷуръати лағви як қонуни пояро надорӣ.»

Вазири дипломатияи умумии кабинаи Натанёҳу низ хитоб ба раиси Девони олӣ гуфтааст, ки Агар ихтиёроти кабинаро ба сатли зубола бирезӣ, бо мо тараф хоҳӣ буд».

Нигаронӣ аз эҳтимоли ҷанги дохилӣ дар сурати табаият накардани кабинаи ҳоким аз ҳукми Девони олӣ сарзаминҳои ишғолиро фаро гирифтаву сарони дастгоҳҳои амниятӣ ва артиши режими саҳюнистӣ дар ҳоли баррасии роҳҳои бурунрафт аз ин буҳрон, барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошӣ аз дарун ҳастанд, ки тайи моҳҳои ахир, баъд аз ташкили кабинаи ифротии Натанёҳу тақвият шудааст.