Сентябр 27, 2023 14:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани паҳподҳои режими саҳюнистӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ

Неруҳои муқовимати Фаластин, паҳподҳои режими саҳюнистӣ, ки дар ҳарими ҳавоии урдӯгоҳи Ҷанин, шимоли Каронаи Бохтарии руди Урдун ба парвоз даромада буданд, ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, неруҳои муқовимат паҳподҳои шиносоии режими саҳюнистиро ҳангоми парвоз дар осмони урдӯгоҳи Ҷанин бо ҳаҷме аз гулӯла ҳадаф қарор доданд.

Гуфтанист, неруҳои ишғолгари Қудс маъмулан аз паҳподҳо барои ҷамъоварии иттилоот дар бораи неруҳои муқовимат ва макони ҳузури онҳо дар урдӯгоҳи Ҷанин истифода мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки неруҳои муқовимат бо ин паҳподҳо муқобила ва онҳоро сарнагӯн мекунанд то ононро дар анҷоми маъмуриятҳои худ ноком гузоранд.

 

Барчасп