Башор Асад : Амрико бо террористҳо шарокат дорад
Раиси ҷумҳӯри Сурия бо ишора ба маҳали истиқрори террористҳо дар шимолу шарқи Сурия ва таъсири Вашингтон бар ин манотиқ гуфт: Амрико бо террористҳо шарокат дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Башор Асад-раиси ҷумҳӯри Сурия дар мусоҳиба бо шабакаи чинии « ССТВ » ки шомгоҳи рӯзи ( ҷумъа ) пахш шуд гуфт : « Ҷанг ба поён нарасида ва мо дар ҳоли ҳозир дар дили ҷанг қарор дорем. Аммо Сурия ба унвони як мавқеъияти ҷуғрофиёӣ,ки ҳамвораи гузаргоҳи таҳоҷум будааст. Бо ин ҳол мардуми Сурия қодир ҳастанд замоне, ки ҷанг ба поён мерасад ва муҳосира мутаваққиф мешавад, кишварашонро бозсозӣ кунанд» .
Башор Асад афзуд : « Минтақаи шимолу шарқии Сурия, ки террористҳо онҷоро таҳти ишғол доранд, дуруст ҳамон ҷое аст, ки амрикоиҳо бар он контрол доранд . Бинобарин масъала танҳо дуздӣ нест, балки масъала шарокат бо террористҳо дар тақсими суд аст. Ин дар айни ҳол мушкили дувумиро эҷод мекунад ва он ин аст, ки ин кишвари бузург бо террористҳо шарокат дорад.