Октябр 10, 2023 17:21 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Интиқоми шикасти «Тӯфони Ал Ақсо» аз ғайринизомиён ва кӯдакони фаластинӣ

Режими саҳюнистӣ баъд аз шикаст дар баробари амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» ҳамалоти ҳавоии худро ба манотиқи маскӯнӣ дар Ғазза шиддат бахшидааст ва бо даст задан ба кушторҳои кӯр саъй мекунад бори дигар мувозинаи талафотро ба нафъи худ тағйир диҳад.

Бештари манотиқе, ки режими саҳюнистӣ ҳадаф қарор додааст, бурҷҳо, сохтумонҳои маскӯнӣ, таъсисоти ғайринизомӣ ва бисёре аз масоҷид мебошад. Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза 436 шаҳид барҷо гузошта, ки дар байни онҳо 91 кӯдак ва 61 зан вуҷӯд дорад. Ҳамчунин теъдоди маҷрӯҳон 2271 нафар аст, ки шомили 244 кӯдак ва 151 зан мебошад. Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки ин режим то ин лаҳза беш аз 1000 тон маводи мунфаҷира бар сари фаластиниён дар Навори Ғаззаи фурӯ рехтааст. Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии оворагони фаластинӣ дар баёнияе эълом кард, ки ҳудӯди 74 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза ба мадорису марокизи вобаста ба ин ожонси имдодӣ паноҳ бурдаанд.

Дар даргириҳое, ки аз рӯзи шанбе миёни неруҳои муқовимати фаластинӣ ва низомиёни саҳюнист ва ба дунболи амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» оғоз шудааст, ба изъони расонаҳои саҳюнистӣ, дастикам якҳазор нафар аз саҳюнистҳо кушта ва 2382 нафар дигар захмӣ шудаанд, ки 22 нафар аз онҳо умеде ба зинда монданашон нест ва 345 нафари дигар ҳам дар вазъияти вахим ва хатарнок ҳастанд. Чанд омил мӯҷиб шудааст, ки режими саҳюнистӣ барои талофии шикасти бузурги худ дар баробари амалиёти ғофигиркунандаи «Тӯфони Ал Ақсо»  ба куштори ғиринизомён рӯй оварад. Нахуст инки ағлаби неруҳои муқовимати фаластинӣ акнӯн на дар Ғазза балки дар хати муққадами набард дар дохили Фаластин ишғолӣ ҳастанду тибқи бархе гузоришҳо ба истеҳкоми мавқеъияти худ мепардозанду тибқи бархе хабарҳо дар мавориде ҳам ба пешравӣ дар дохили Фаластини ишғолӣ идома медиҳанд.

 

Барчасп