Оғози размоиши муштараки дарёии Чин ва Арабистон
(last modified Wed, 11 Oct 2023 06:29:17 GMT )
Октябр 11, 2023 11:29 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки дарёии Чин ва Арабистон

Чину Арабистон размоиши муштараки дарёӣ бо тамаркуз бар амалиёти зиддитероризм, оғоз кардаанд.

Ба гузориши Global Times, нерӯи дарёии Чин дар баёнияе эълом кард, размоиши “Шамшири кабуд – 2023” байни ин кишвару Арабистон бо баргузории маросими ифтитоҳия дар урдӯгоҳе дар Жонҷёнги устони Гуандонг дар ҷануби Чин оғоз шудааст.

Ҳадаф аз ин размоиш тақвияти эътимоди мутақобилу равобити дӯстона байни неруи дарёии Чину Арабистони Саудӣ, иртиқои тавонмандиҳои ширкаткунандагон дар набарди дарёӣ ва иртиқои ҳамаҷониба қобилиятҳои амалиётии муштараки воҳидҳои имдоду наҷоти мусаллаҳ хориҷ аз кишвар аст.