Октябр 12, 2023 11:49 Asia/Dushanbe
  • Дафтари оятуллоҳи Систонӣ: Артиши ишғолгар бо интиқом аз мардум Ғазза мехоҳад шикасти худро ҷуброн кунад
    Дафтари оятуллоҳи Систонӣ: Артиши ишғолгар бо интиқом аз мардум Ғазза мехоҳад шикасти худро ҷуброн кунад

Дафтари оятуллоҳи Систонии дар Ироқ тайи баёнияи дар бора ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза эълом кард артиши режим саҳюнистӣ мехоҳад шикасти бузурги худ дар даргирии ахирро бо интиқом аз мардуми Ғазза ҷуброн кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз хабаргзурии Форс, дафтари оятуллоҳ Сайид Алӣ Систонӣ марҷаъи олии қадари шиъёни Ироқи шомгоҳи чаҳоршанбе дар бораи бомбаборони идомадори навори Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ баёнияи содир кард.

Дар баёнияи дафтари оятуллоҳи Систонӣ омадааст: Артиши ишғолгар ахиран муҳосираи хафакунанда зидди навори Ғазза эълом кард ки шомили манъи об, ғазо, дору ва дигар заруриёт зиндагӣ аст ки бештарини осебро ба мардуми оди ворид мекунад.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: Артиши ишғолгар мехоҳад аз мардуми Ғазза интиқом бигирад ва шикасти бузурги худ дар даргирии ахирро бо ҷуброн кунад ва ин руйдодҳо дар баробари дидагони тамоми дунё руй медиҳад ва ҳеҷ монеъ ва боздорандаи низ дар баробари он вуҷуд надорад балки касоне ҳастанд ки аз ин иқдомоти ҷинояткорона ҳимоят карда ва ба баҳонаи дифо аз худ онро тавҷеҳ мекунанд .

Дар ин баёния аз тамоми мардуми ҷаҳони хоста шуд то дар баробари ин ваҳшигарии ваҳшатноки истода ва монеъ аз иҷрои нақшаи неруҳои ишғолгар барои осеб задани бештар ба мардуми мазлуми Фаластин шаванд.

Барчасп