Октябр 18, 2023 10:07 Asia/Dushanbe
  • Тадовуми бомбаборони Ғазза/ 39 тани дигар шаҳид шуданд

Пас аз бомбаборони бемористони Ал Маъмадонӣ ва ба хоку хун кашидани садҳо фаластинӣ, соате баъди режими саҳюнистӣ бомбаборони сангини Навори Ғаззаро идома дод ва дар ҷараёни он токунӯн 39 тани дигар шаҳид шуданд.

Ба гузориши ИРНА, вазорати кишвари Фаластин мустақар дар Ғазза эълом кард, 37 нафар аз ин афрод дар бомбаборони манотиқи Ал Қасосиб ва Ҳалима Ал Саъдия дар Ҷаболиё дар шимоли Навори Ғазза шаҳид шуданд.

Хабарнигори Алҷазира, мустақар дар Навори Ғазза ҳамчунин гузориш дод, ки ҷангандаҳои исроилӣ як воҳиди маскӯнӣ дар шаҳри Ҳамд дар Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғаззаро ҳадаф қарор доданд, ки дар ҷараён низ 2 тан шаҳид ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд.

Ин иқдоми режими саҳюнистӣ, таъкиде бар ин хӯи саҳюнистҳост, ки таваҷҷӯҳе ба вокунишҳо намекунанду роҳи худро дар тадовуми қатли оми миллати Фаластин идома хоҳанд дод.

Мардуми кишварҳои мухталифи исломӣ ва арабии дигар низ дар вокуниш ба ҷинояти Исроил, ки онро намӯнае аз ваҳшигарии қарни 21 хонданд, дар хиёбонҳо ҳузур ёфта ва алайҳи Исроил шиори сардоданаду хашми хешро бо ба оташ кашидани парчами режими саҳюнистӣ ва тасвири Натаняҳу ба намоиш гузоштанд.

 

Барчасп