Октябр 22, 2023 17:06 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Гушоишҳои кучак дар ҷанги Ғазза лозим аммо нокофӣ
    Таҳлил: Гушоишҳои кучак дар ҷанги Ғазза лозим аммо нокофӣ

Бо вуҷуди ин ки ҳамалоти кури режими саҳюнистии зидди беш аз 2 миллиону 300 ҳазор саканаи борӣкаи Ғазза дар сеюмин ҳафта камокон идома дорад ва токунун беш аз 16 ҳазор захмӣ ва кушта ва беш аз 1 миллион овора аз фаластиниҳо барҷоӣ гузошт аммо ду равзанаи ҳарчанд кучак эҷод шудааст ки дар сурат тадовум метавонад гушоишҳоӣ дар иртибот бо мудирияти ҷанг ва табаъоти инсонии ношӣ аз он эҷод кунад.

Нахуст озодии довталабонаи ду тан аз усарои амрикоитабори Исроил аз суи Ҳамос бо миёнҷигарии Қатар аст ки нишон медиҳад Ҳамо алорағми ҳимоятҳои густардаи Амрико аз режими саҳюнистӣ дар ҷанги ҷорӣ зидди Ғазза, ки бештари ғайринизомиёнро мавриди ҳадаф қарор додааст боз дар ҳифзи ҷону азодии асирони таҳти боздоштии худ ҷадди аст ҳарчанд ки беш аз 20 тани аз онҳо дар натиҷаи ҳамалоти густардаи ҳавоӣ ва тупхонаӣ артиши саҳюнистӣ ба маконҳои маскунии Ғазза ҷони худро аз даст додаанд ва фақат ҷасадҳои онҳо метавонад мавриди мубодилаи қарор бигирад.

Бо ин ҳол ҳануз беш аз 200 нафар аз асирони исроилӣ аз низомӣ ва ғайринизомӣ таҳти боздошти Ҳамос ҳастанд, ки дар сурати таваққуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ва идомаи миёнҷигариҳои Қатар метавонад ваҷҳулмсолҳаҳ қарор гиранд.

Аммо дар суратн ки режими саҳюнистӣ камокон ба ҳамалоти худ идома диҳад ва бихоҳад амалиёти заминиро зидди Ғазза шуру кунад ва ё барои иҷрои тарҳи ҷадиди ташкили давлати муваққат дар Ғазза бо назорати Созмон Милал бикушад дар ин сурат ҳеҷ этминони барои ҳифзи ҷону озодии боқимондаи асирон вуҷуд нахоҳад дошт.

Ин бадин мафҳум аст ки туби азодии асирони исроилӣ дар даст Натаняҳу аст камо ин ки худи вай низ масъули асир шудан ин афрод аст  Чаро ки аз як су бо ташдиди муҳосираи тулонии Ғазза Ҳамос ва мардуми Ғаззаро дар вазъиятӣ қарордодааст ки ба иқдомоти бесобиқаи ҳамчун амалиёти Алақсо барои шикастани ҳисорҳои зиндони бузурги Ғазза даст бизананд ва аз дигарсу бо тамаркуз бар Эрони ҳаросӣ ва мутамаркиз карданами фаъолиятҳои иттилоотӣ ва ҷосусии ин режими зидди Эрон аз таҳдидҳои Ҳамос дар бехи гуши Исроил ғофил бимонад ва бузургтарин шикастро дар тули ҳаёти саҳюнистӣ аз Ҳамос бихурад.

Ҳамчунин дар сурате ки Натаняҳу камокон ба ҳамалоти худ идома диҳад ва боиси кушта шудани асирони исроилӣ шавад дар ин сурат як парвандаи дигар ба парвандаҳои қазоӣ ва ё як мавзуи ихтилофӣ ва эътирозии дигар ба мавзӯъоти қаблӣ изофа хоҳад шуд чаро ки ин эҳтимол вуҷуд дорад Натаняҳу аз суи  бозмондагон ва бастагони асирон ба қусур дар озодии асирон муттаҳам шавад.

Аммо дар хусуси ирсоли нахустин маҳмулаҳои кумакӣ ба Ғазза метавон гуфт ки ҳарчанд шуруи ирсоли ин кумакҳо гоми ба ҷилав аст аммо ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест чаро ки ҳамалоти режими саҳюнистӣ камокон идома дорад ва ҳеҷ итминони дар бораи ин ки ин маҳмулаҳо мавриди ҳадаф ва ҳамла қарор нагиранд вуҷуд надорад ва дувуми инки мизони ин кумакҳо дар муқоиса бо густараи талафоти инсонӣ ва харобиҳои баҷомонда аз ҳамалоти густардаи ҳавоӣ ва тупхонаи ба ҳеҷ ваҷҳ кофӣ нест ва ниёз ба ин аст ки ин кумакҳо дар сатҳи густарда ва ба сурати мутамодӣ идома дошта бошад.

Барчасп