Нахуствазири Қатар: Вокунишҳои байналмилалӣ ба наслкушӣ дар Ғазза шармовар аст
(last modified Sun, 05 Nov 2023 14:12:53 GMT )
Ноябр 05, 2023 19:12 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Қатар: Вокунишҳои байналмилалӣ ба наслкушӣ дар Ғазза шармовар аст

Нахуствазир ва вазири хориҷа Қатар, вокунишҳои байналмилалӣ ба наслкушӣ дар Ғаззаро дар сатҳи номатлуб ва дар бархе маворид, шармовар тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири хориҷаи Қатар имрӯз (якшанбе) дар суханоне аз тадовуми вазъияти вахим ва буҳронӣ дар Навори Ғазза иброз таассуф кард ва гуфт, вокунишҳои байналмилалӣ ба бомбаборонҳои Исроил дар сатҳи лозим ва матлуб нест ва дар бархе маворид шармовар аст.

Оли Сонӣ бар идомаи талошҳо барои озодии усаро ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ва таъмини тамоми ниёзҳои ғайринизомён, аз ҷумла мухобирот ва сӯхт таъкид кард.

Вай тасреҳ кард, ишғолгарони Исроил дар Ғазза наслкушӣ ва поксозии нажодӣ мекунанд. Итмоми сӯхт, бемористонҳои бештареро дар Навори Ғазза аз мадори хидматрсонӣ хориҷ мекунад. Мусаммам ҳастем ба талошҳои худ барои озодии ғайринизомён ва бархурдории бародарони Ғазза аз амният идома диҳем.

Вазири хориҷаи Қатар дар хусуси зарурат имдодрсонии бевақфа ба бародарони муҳосира шудаи худ дар Ғазза гуфт, рафтори ҷомеаи ҷаҳонӣ бо стандартҳои дугона, эътимоди мардуми минтақаро ба ниҳодҳои байналамллӣ мутазалзил кардааст.

Салома Маъруф, мудири дафтари расонаии Фаластин эълом кард, теъдод шуҳадои таҷовузоти артиши режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябр токунун ба 9 ҳазору 500 нафар, шомили се ҳазору 900 кӯдак ва 2 ҳазору 509 зан расидааст.