Боздошти 2200 нафар дар Каронаи Бохтарӣ аз замони оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо”
(last modified 2023-11-07T12:46:22+00:00 )
Ноябр 07, 2023 17:46 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ то кунун беш аз ду ҳазору 200 фаластиниро ба асорат гирифтааст
    Режими саҳюнистӣ то кунун беш аз ду ҳазору 200 фаластиниро ба асорат гирифтааст

Ҳайати умури асирону озодагони Фаластин ва Бошгоҳи асири фаластинӣ эълом кард, аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо” то ба имрӯз ишғолгарон ду ҳазору 200 нафарро дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории фаластинии “Шаҳоб”, ҳайати умури асирону озодагони Фаластин имрӯз - сешанбе дар баёнияе эълом кард, режими саҳюнистӣ дар чорчӯби сиёсати ба асорат гирифтани ҷавонони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ аз бими амалиётҳои зиддисаҳюнистӣ, имрӯз низ дастикам 55 фаластиниро дар ин минтақа боздошт кардааст.

Дар ин баёния омадааст, режими саҳюнистӣ тайи як моҳи набарди “Тӯфони Алақсо” то кунун беш аз ду ҳазору 200 фаластиниро ба асорат гирифтаву шумори усарои фаластинӣ то поёни моҳи октябр ба ҳафт ҳазор нафар, аз ҷумла 62 зан расидааст ва шумори усарое, ки таҳти унвони боздошти идорӣ дар банди режими саҳюнистӣ ҳастанд, ба ду ҳазору 70 нафар мерасад.

Аз оғози амалиёти “Тӯфони Алақсо”, режими саҳюнистӣ бар шиддати боздошти ҷавонони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ афзудааст ва усарои фаластиниро дар зиндонҳои худ таҳти фишорҳои шадид, аз ҷумла қатъи обу ғизо ва маҳрумият аз қадам задан дар фазои боз, мамнуияти интиқоли усарои бемор ба марокизи дармонӣ ва таҳдидҳои мустақими усарои ду ҷумбиши Ҳамосу Ҷиҳоди исломӣ қарор медиҳад.

 

Барчасп