Сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза: Вазъияти бемористонҳо фоҷеабор аст
Сухангӯи Вазорати беҳдошти борикаи Ғазза бо ишора ба вазъияти фоҷеабори бемористонҳову марокизи дармонии ин борика, аз афзоиши омори шуҳадои кадри дармонии ин шаҳр то 195 нафар хабар дод.
Ашраф Алқадра, сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза гуфт, бар асари бомбаборони бемористонҳо аз сӯи артиши режими саҳюнистӣ 51 мошини ёрии таъҷилӣ нобуд шуд, 120 муассисаи беҳдоштӣ низ тахриб шуда, 18 бемористон аз кор афтода ва 40 муассисаи беҳдоштӣ - дармонии аввалия низ аз дастрас хориҷ шудаанд.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Ғазза аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамаи ниҳодҳои башардӯстонаву ҳуқуқи башарии он хост, ки аз низоми саломату коркунони он муҳофизат кунанд то битавонанд бидуни таҳдиди мутлақ ба вазоифи худ амал кунанд.
Алқадра гуфт, шумориши маъкус барои таваққуфи хадамот дар бемористони Индонезия, бемористони Камол Адвон, дар шимоли борикаи Ғазза ва ҳамчунин муҷтамаи дармонии Ашшифо ба далели камбуди сӯхт пас аз 24 соати оянда оғоз мешавад.
Дар ин гузориш омадааст, тонкҳои артиши режими саҳюнистӣ дар атрофи бемористонҳои Аррентиси, Аннаср ва Алъайюн дар борикаи Ғазза мустақар шуда ва онҳоро муҳосира кардаанд.
Аз оғози таҷовузи режими саҳюнистӣ то кунун дар навори Ғазза ҳудуди 32 ҳазор тон маводи мунфаҷира ва беш аз 13 ҳазор бомба партоб шудааст, ки ба маънои миёнгини 87 тон дар ҳар километр аст.