Ноябр 11, 2023 10:31 Asia/Dushanbe
  • Нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории исломӣ дар Риёз дар бораи Ғазза

Арабистони саудӣ имрӯз шанбе мизбони нишасти фавқулодаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ, аз ҷумла Эрон хоҳад буд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори Форс, Иттиҳодияи Араб рӯзи ҷумъа 10 ноябр иқдом ба баргузории як нишасти фавқулода дар Арабистони саудӣ барои баҳс дар бораи тадовуми бомбаборонҳои Исроил дар Ғазза кард.

 Арабистони саудӣ қарор аст имрӯз шанбе мизбони нишасти дигаре бо ҳузури намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ бошад, ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон низ дар он ҳузур хоҳад дошт.

 Иттиҳодияи Араб як блоки минтақаӣ аст, ки 22 кишвари арабӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқоро шомил мешавад. Созмони ҳамкории исломи 57 узв дорад ва Эрон низ узви он аст.

 Як рӯзномаи аморотӣ гузориш дода вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб қатъномае танзим кардаанд, ки хостори оташбас дар Ғазза шудааст. Ин қатънома хостори анҷоми ройзаниҳо барои ироаи пешниҳодот дар хусуси оташбас ба Исроил ва Амрико шудааст.

 Нишасти рӯзи шанбеи Созмони ҳамкории исломӣ бар баҳс дар хусуси равишҳои мутаваққиф кардан бомбаборонҳои Исроил ва эҷоди оташбас мутамаркиз хоҳад буд.

 Сафари Иброҳими Раисӣ ба Арабистон, аввалин сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Арабистони саудӣ баъд аз оддисозии равобит миён ду кишвар бо миёнҷигарии Чин хоҳад буд.

 Ин нишаст дар шароите баргузор мешавад, ки теъдоди қурбониёни ҳамалоти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ба 11 ҳазору 78 шаҳид ва 27 ҳазору 490 захмӣ расидааст. Аз миёни ин шуҳадо 506 нафар кӯдак, 3 ҳазору 27 нафар зан, ва 678 нафар ҳам солманд ҳастанд.

 

Барчасп