Декабр 31, 2016 15:05 Asia/Dushanbe
  • Сол 2016 – соли  бештарин юришҳои саҳюнистӣ ба Масҷид-ул-ақсо

Ҳудуди 17 ҳазору 602 шаҳракнишини саҳюнист ва хохоми ифротӣ дар соли 2016 ба Масҷид-ул-ақсо юриш бурдаанд, ки ин болотарин рақам аз замони ишғоли Фаластин ба шумор меравад.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, пойгоҳ “Daily 48” рӯзи ҷумъа дар гузориши оморие эълом кард, соли 2016 беш аз 1200 нафар аз ходимони хадамоти ҷосусии режими саҳюнистӣ ба Масҷид-ул-ақсо юриш бурдаанд.

Мудири кулли маркази пажӯҳишии Маркази мутолиоти арабии "Қудс" таъкид кард, соли 2016 иқдомоту ҳамалоти режими Исроил зидди фаластинён, Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва Қудс афзоиши қобили мулоҳизае дошта, омори тахриби манозили фаластинён нисбат ба соли гузашта беш аз ду баробар афзоиш доштааст. Талаб ал-Умала тасреҳ кард, ғасби заминҳо ва молу мулки фаластиниҳо аз сӯйи шаҳракнишинони сҳиюнист дар соли 2016 низ 43 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп