Муовини Ҷиҳоди исломӣ: Ба таври миёнгин 35 ҳазор тон маводи мунфаҷира бар сари Навори Ғазза рехта шуд
(last modified 2023-11-29T08:14:37+00:00 )
Ноябр 29, 2023 13:14 Asia/Dushanbe
  • Муовини Ҷиҳоди исломӣ: Ба таври миёнгин 35 ҳазор тон маводи мунфаҷира бар сари Навори Ғазза рехта шуд

Муовини дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт, Навори Ғазза ба таври миёнгин бо 35 ҳазор тон маводи мунфаҷира ба сӯрати ҷунуномез бомбаборон шуд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Муҳаммад Ал Ҳиндӣ, муовини дабири кули Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин изҳор дошт, гурудонҳои Қудс гаравгонҳои ғайринизомии Исроил шомили кӯдакону занонро таҳвил дод.

Вай афзуд, агар Исроил барои озодии ҳамаи усарои мо омода бошад, мо низ омодаем ва муъодилаи табодули ҳамаи усарои фаластинӣ бо гаравгонҳои исроилиро мепазирем.

Ал Ҳиндӣ хотирнишон кард, гузинаҳои душман дар хусӯси гаравгонҳо бисёр сахт ва душвор аст, чаро ки онҳо дар бозгардондани гаравгонҳо аз роҳи низомӣ шикаст хӯрданд.

Вай таъкид кард, лаҳни Исроил дар хусӯси инки мегӯяд, барои ҷанг омодааст, танҳо бо ҳадафи таҳти таъсир қарор додани раванди музокирот рух медиҳад.

Ал Ҳиндӣ бобёни инки амалкарди муқовимату пойдории миллати мо, сарнавишти ҷангро таъйин хоҳад кард, идома дод, Исроил эҳтимолан дар сояи афзоиши талафоти худ маҷбур шавад ба ҷанг поён диҳад, ҳарчанд, ки мо низ омодаи ҳар гуна ташдиди танишҳо ҳастем, чаро ки дар он сӯрат душман низ аз паёмадҳои ташдиди таниш дар амон нахоҳад буд.

 

Барчасп