Декабр 01, 2023 19:15 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ бо нақзи оташбас имрӯз - ҷумъа даври ҷадиди ҳамалоти худ ба Ғаззаро оғоз кард
    Режими саҳюнистӣ бо нақзи оташбас имрӯз - ҷумъа даври ҷадиди ҳамалоти худ ба Ғаззаро оғоз кард

Узви аршади Ҳамос дар аввалин вокуниш ба азсаргирии таҷовузгарии артиши режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза гуфт, Тел-Авив ва Вашингтон масъули таваққуфи оташбаси муваққат ҳастанд.

Режими саҳюнистӣ ва Ҳамос бо миёнҷигарии Қатар барои оташбаси чаҳоррӯза тавофуқ карданд, ки ин оташбас пас аз ҳудуди 50 рӯзи ҷанг, аз ҷумъаи гузашта оғоз шуд ва ду бор ба муддати ду рӯз ва як рӯз тамдид шуд. Меҳвари аслии ин тавофуқ низ мубодилаи асирон ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза буд.

Режими саҳюнистӣ бо нақзи оташбас имрӯз - ҷумъа даври ҷадиди ҳамалоти худ ба Ғаззаро оғоз кард.

Харобиҳои Ғазза

 

Ба гузориши ИРНА, Усома Ҳамдон, узви аршади Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт, муқовимат қодир ба муқобилаву шикаст додани ҳамлаи душман аст.

Шабакаи Алҷазира эълом кард, ҳамзамон гурдонҳои Қассом низ эълом кард, Асқалон, Баируссабъ ва ғилофи Ғаззаро ҳадафи ҳамалоти ракетӣ қарор додааст.

Чаҳор низомии саҳюнист дар набардҳои шимоли Ғазза захмӣ шуданд ва бо болгарди низомӣ ба бемористони Суруко дар Баисруссабъ интиқол дода шуданд.

 

Барчасп