Таҳлил : Аз саргирии ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, иқдоми қобили интизори Тел-Авив
(last modified 2023-12-02T07:06:40+00:00 )
Декабр 02, 2023 12:06 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Аз саргирии ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, иқдоми қобили интизори Тел-Авив
    Таҳлил : Аз саргирии ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, иқдоми қобили интизори Тел-Авив

Бо поёни оташбаси 7 рӯза, режими саҳюнистӣ дар иқдоми қобили интизори ҳамалоти алайҳи Борикаи Ғаззаро аз сар гирифтааст.

Таҳаввулоти ҷаддиди Ғазза аз 7 октябр оғоз шуд. Размандагони Ҳамос дар вокуниш ба шиддат гирифтани хушунати саҳюнистҳо амалиёти Тӯфони Алақсоро анҷом дода ва  сангинтарин шикасти низомӣ ва  иттилоотиро бар режими саҳюнистӣ таҳмил карданд. Режими саҳюнистӣ ки аз ин амалиёти ғофилгирона ба шиддати асабонӣ буд, ҳудӯди 50 рӯзи ҷангро бар мардуми Ғазза таҳмил кард ва  тайи ин муддат ончӣ анҷом дод ,мисдоқи наслкушӣ ва  поксозии нажодӣ буд.

Тайи ин муддат беш аз 15 ҳазор нафар шаҳид шуданд. ки 70 дарсади онҳо аз кӯдакон ва  занон буданд. Пас аз ҳудӯди 50 рӯз, режими саҳюнистӣ ва  Ҳамос бо миёнҷигарии Қатар барои оташбаси 4 рӯза тавофуқ карданд, ки ин оташбаси пас аз ҷумъаи гузашта оғоз шуд ва ду бор ба муддати ду рӯз ва як рӯзи тамдид шуд.  Меҳвари аслии ин тавофуқ низ мубодилаи усаро ва  ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза буд. Пас аз 7 рӯз ва бо поён ёфтан оташбас, режими ишғолгари Қудс бори дигар ҳамалоти алайҳи Борикаи Ғаззаро оғоз кард.  Дафтари Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ иддао кард, ҷумбиши Ҳамос ба вазоифи худ бар асоси тарҳи озодии занони асири саҳюнисти пойбанд набӯда ва  мӯшак ба сарзаминҳои ишғолии шиллик карда аст. Ин иддао дар ҳоле матраҳ шуд, ки Ҳамос на танҳо занони асири саҳюнистро мутобиқи тавофуқи озод кард балки ҳатто усарои озод шуда, аз размандагони Ҳамоси бобати бархӯрдашон бо онҳо тайи муддати асорати тақдир карданд.

Се нукта дар хусӯс аз саргирии ҷанг алайҳи Ғазза вуҷӯд дорад.

Нуктаи нахусти ин,ки ; Аз саргирии ҷанг ҳамзамон бо ҳузури Антонию Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар арози ишғолӣ анҷом шуд. Бинобарин, саҳюнистҳо мувофиқати Амрикоро барои аз саргтрии ҷанг ба даст овараданд. Вазири умӯри хориҷаи Амрико дар сафари ахири худ ба арози ишғолӣ ки сеюмин сафари вай дар ду моҳи ахир буд, таъкид кард  Исроил ҳақ дорад ҳар коре анҷом диҳад то итминон ҳосил кунад, ки куштори 7 октябр тавассути Ҳамоси такрор намешавад. Ҳамос наметавонад дар Ғазза дар қудрати боқӣ бимонад.

Нуктаи дувуми ин,ки ; Режими саҳюнистӣ таҳти фишори афкори умумии дохилии худ маҷбур шуд ба тавофуқ бо Ҳамоси тан диҳад. Тазоҳурот дар арози ишғолии зидди Кабинаи Нитанияҳу бори дигар шакли гирифта ва  хонаводаҳои усарои саҳюнист ба ҷамъи муътаризон пайваста ва ҳатто аз масофатҳои тӯлонӣ, худро ба Қудс ва  муқобили манзили Нитанияҳу расонда буданд. Нитанияҳу барои ин,ки аз фишорҳои дохили бикоҳад ва  нокоми дар озодии усаро аз тариқи бомбаборон Ғаззаро ҷуброн кунад,ба тавофуқ бо Ҳамос рӯй оварад. Раиси ситоди муштараки артиши Исроил, дирӯз панҷшанбе гуфт, ин режим омодаи аз саргирии ҷанг дар Ғазза аст ; ҷанге, ки ба гуфтаи  ӯ дар кӯтоҳимуддат поён нахоҳад ёфт. Ин мақоми низомии аршади Исроил, дар идома гуфт, артиш қасд дорад бо истифода аз оташбас, омодагии худро барои аз саргирии ҷанг густариш диҳад ва аз ҳар фурсате барои бозгардони усарои саҳюнисти назди Ҳамос истифода хоҳад кард .

Сеюм ин,ки ; Кабинаи Нитанияҳу пур аст аз афроде, ки дидгоҳи нажодпарастона ва  ифротӣ доранд . Бо вуҷӯди чунин афроде, аз саргирии ҷанги алайҳи Ғазза дувр аз интизор низ набӯд. Дар ҳамин росто,Итмор бин Гуир вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ хостори нобудии комили навори Ғазза, Ҳамос ва  ишғоли комили ин минтақа ва  парҳез аз ҳар гӯна тавофуқ ва  имтиёздиҳӣ шуд.

Барчасп