Декабр 03, 2023 15:02 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғолӣ бо шиори барканории Натаняҳу
    Баргузарии тазоҳурот дар сарзаминҳои ишғолӣ бо шиори барканории Натаняҳу

Ҳазорон саҳюнист дар Тел-Авив, Қудси ишғолӣ ва Ҳайфа дар эътироз ба бетафовутии кабинаи режими саҳюнистӣ дар қиболи асирони исроилӣ тазоҳурот карданд.

Бо идомаи амалиёти Туфони алақсо ва касби пирузиҳои камназири размандагони муқовимати Фаластин дар набард бо режими саҳюнистӣ, артиши Исроил ки аз муқобила бо размандагони фаластинӣ шикаст хурд токунун натавониста аст тамомии асирони саҳюнист дар ихтиёри ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос"-ро озод кунад.

Ба гузориши сомонаи ибрӣ "Вой нет" тазоҳуркунандагони саҳюнист бо сар додан шиорҳо ва ҳамли порчаи навиштаҳоӣ барканории Бинямин Натаняҳуро хостор шуданд.

Шуморӣ аз саҳюнистҳо ҳам ки муқобили иқоматгоҳи Бинямин Натаняҳу дар шаҳр "Қайсария" таҷаммуъ карда буданд шиорҳоеи зидди нахусти вазири режими саҳюнистӣ сар доданд.

Дар ҳамин замина шабакаи ибризабони кон эълом кард дар ҷараёни даргирии тазоҳуркунандагон бо полиси режими саҳюнистӣ муқобили иқоматгоҳи Натаняҳу даст кам 6 нафар боздошт шуданд.

Барчасп